Омодагиҳо ба ҷашни 5500-солагии Саразм: раиси Суғд санги асоси осорхонаро гузошт

© Фото : Руслан ЯкшибаевРаскопки на месте древнего города Саразма
Раскопки на месте древнего города Саразма  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм”, дар шаҳри Панҷакент барои бунёди осорхонаи нав санги асос гузошт

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси Суғд, боздиди Аҳмадзода аз ин макони таърихӣ 9 январ сурат гирифта, бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият ва 5500-солагии Саразми бостонӣ амалӣ мешаванд.

Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Қарори нави Рустам Эмомалӣ: гурӯҳи корӣ ба таблиғи паёми президент оғоз мекунад

Манбаъ зикр кард, ки бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашн бунёди меҳмонхонаи муосир бо тарзи меъмории шарқӣ, деворпанҷараву дарвозаи мамнуъгоҳ ва чанд бинои иловагии дигар анҷом расонида хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кардааст, ки шаҳри бостонии Панҷакент бо шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии худ маъруф аст ва дар байни онҳо шаҳри қадимаи Саразм мақоми хоса дорад.

“Ин ёдгории нодири таърихӣ гувоҳи равшани аз давраҳои хеле қадим сукунат доштани аҷдоди тоҷикон, шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданияти заминдориву кишоварзӣ будани онҳо мебошад”, - изҳор доштааст ӯ.

Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Файзов ба раиси шаҳри Хоруғ: ба доди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ расед

Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардида, он дар 15- километрии ғарби шаҳри Панҷакент ҷойгир шудааст.

Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм” эълон гардид.  Ин ёдгории таърихӣ 31 июли соли 2010 аз ҷониби  ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0