ДУШАНБЕ, 10 янв - Sputnik. Кормандони ФСБ Русия гуруҳи нашъаҷаллобонеро, ки аз Осиёи Миёна ба Русия маводи мухаддир меовардаанд дастгир намуданд, хабар додааст дафтари матбуотии мақомоти дахлдор.
Чихеле, ки маълум гардид ин гуруҳи ҷиноиро дар натиҷаи амалиётҳои зиёд дастгир кардаанд.
“Новобаста аз он, ки нашъаҷалобон шабонгоҳ дар дохили ҷангалзорҳои Маскав доду гирифт мекарданд ва ҳилаву найрангҳои зиёдро ба кор мебурданд, дар амалиёти охирон болои корашон дастгир шуданд. Аз онҳо 43 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст”, - гуфта мешавад дар иттилоия.
Дастгиршудагон дар боздоштгоҳ буда нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Чанде пеш расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода буданд, ки додгоҳи вилояти Челябинск як зодаи Осиёи Марказиро, ки ному насабашро иваз карда, ба Русия сафар карда буд дастгир намуда ба муҳлати 12 солу 6 моҳ равонаи зиндон карда буд.
Ҷинояткор 4 сол пеш аз зиндон озод шуда ба Тоҷикистон хориҷ шуда будааст. Аммо мутаасифона зиндон ба ӯ дарс нашуда бори дуюм ба нашъаҷаллоби машғул шуда боз ба Русия сафар намуда корашро давом додан мехостааст.