ВУД Тоҷикистон овозаҳои беэътибор шудани рақамҳои чоррақамаро беасос хонд

© Sputnik / Тарас Литвиненко / Гузариш ба медиабонкВыдача новых номерных знаков в Симферополе
Выдача новых номерных знаков в Симферополе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон овозаҳо дар бораи беэътибор шудани рақамҳои қайди давлатии чоррақамаро бе асос хонд

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Вазорати Умури дохилаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки новобаста аз ҷорӣ гардидани рақамҳои қайди давлатии намуди серақама, дар оянда эътиборнокии рақамҳои қайди давлатии амалкунанда идома меёбад.

Манбаъ афзудааст, ки бинобар норасоии рақамҳои бақайдгирии давлатӣ барои автомобилҳои сабукрав, боркаш, мусофиркаш ва автобусҳои шахсони воқеӣ, Раёсати БДА-и Вазорати умумри дохилӣ мутобиқи моддаи 11, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи стандартонӣ” аз 29 декабри соли 2010, №668 ба унвони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод дар бораи илова ба СТ ҶТ 1020-2013 “Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт”, “Намуд ва андозаи асосӣ”, ва “Талаботи техникӣ”-ро таҳия намуда, пешниҳод кардааст.

Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БДА арзиши рақамҳои зебои силсилаи "SS"-01-ро эълом кард

“Айни замон дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии ВУД Тоҷикистон ба воситаҳои нақлиёт рақамҳои бақайдгирии давлатии намуди “1А” (чоррақама), ки пештар дода мешуд, дода шуда истодааст”,- таъкид намудааст ВУД Тоҷикистон.

Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки рақамҳои қайди давлатии намуди нав ҳоло ҷорӣ нашудаанд.

“Новобаста дар оянда ҷорӣ гардидани рақамҳои қайди давлатии намуди «1А/1», (серақама) эътиборнокии рақамҳои қайди давлатии амалкунанда идома меёбад”, - афзудааст ВУД Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0