Оғози сохтмони гармхонаҳои муосир бо кумаки мутахассисони Корея дар Суғд

Обуна шудан
Гармхонаи замонавӣ дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузории ширкати “Барс” сохта шуда, корҳои сохтмониро мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба анҷом мерасонанд

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба корҳои сохтмонии гармхонаи замонавӣ, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бори аввал бо усули гидропоникӣ бунёд мегардад, оғоз бахшид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вилояти Суғд.

“Гармхонаи замонавӣ дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузории ширкати “Барс” сохта шуда, корҳои сохтмониро мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба анҷом мерасонанд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Маросими имзои шартнома барои бунёди ду гармхона миёни ширкатҳои “Барс” ва Мён Сунг - Sputnik Тоҷикистон
Кореяи Ҷанубӣ дар Суғд гармхонаҳои замонавӣ месозад

Бино бар иттилои манбаъ,  ҳангоми парвариши сабзавот дар гармхонаҳо дар навбати аввал худи мутахассисони Кореяи ҷанубӣ иштирок ва роҳу усулҳои парвариши маҳсулоти истеҳсолшавандаро ба мутахассисони вилоят меомӯзонанд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо лоиҳаи гармхонаи интенсивӣ барои боз ҳам васеъ намудани майдони он ва ташкили сардхона масъулинро вазифадор намуд.

Ёдрас мешавем, ки мутахассисони вилояти Суғд қаблан бо таҷрибаи гармхонае, ки бо усули гидропоникӣ аз тарафи мутахассисони кореягӣ дар Узбакистон бунёд гардидааст, ошно шуда буданд.

Сипас мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба вилояти Суғд даъват шуда буданд ва охири соли 2018 миёни роҳбарияти ширкатҳои “Барс”-и Тоҷикистон ва "Мён Сунг"-и Кореяи ҷанубӣ дар самти бунёди гармхонаи муосир бо усули гидропоникӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда буд.

Манбаъ бори дигар таъкид намудааст, ки иқдоми мазкур бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг амалӣ карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0