Мегуфт, зану фарзандонам берун баромаданд: Шӯҳратро ҳам муҳоҷири узбакистонӣ наҷот додааст

© Из личного архива Аламафруза АбдуллаеваГражданин Узбекистана Аламафруз Абдуллаев, спасший 8 человек в Магнитогорске
Гражданин Узбекистана Аламафруз Абдуллаев, спасший 8 человек в Магнитогорске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оламафрӯз Абдуллоев, ки 8 танро дар ҳодисаи Магнитогорск наҷот дод, шаҳрванди тоҷиктабори Узбакистон будааст. Оламафрӯз аввалин нафаре буд, ки Шӯҳрат Улфатовро дар ошёнаи севум пайдо кард. Шӯҳрат ба Оламафрӯз гуфтааст, ки зану фарзандаш "берун баромаданд"

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Рӯзи 31-уми декабр хабари таркиши газ дар бинои 9-ошёнае дар Магнитогорски Русия тамоми кишварро такон дод. Дар пайи ин ҳодиса 39 тан ҳалок ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд.

Мутаассифона, 4 шаҳрванди Тоҷикистон - Раҷабмо ва се фарзандаш низ қурбони ҳодисаи рӯзи 31-уми декабр дар Мангнитогорск шуданд. Ин хонаводаи тоҷик дар қабати шашуми бино, манзили 365-ум истиқомат мекарданд.  Падари хонавода, Шуҳрат Улфатов феълан дар беморхона аст ва табибон вазъашро вазнини бетағйир арзёбӣ мекунанд.

Чанде пеш расонаҳо дар бораи муҳоҷири узбакистонӣ Оламафрӯз Абдуллоев навиштанд, ки дар ҳодисаи Магнитогорск 8 нафарро наҷот додааст.

Ситуация в Магнитогорске в связи с обрушением подъезда жилого дома - Sputnik Тоҷикистон
Ба намози бомдод хесту одамонро наҷот дод: қаҳрамонии Абдуллоев дар Магнитогорск

Абдуллоев ҳамон нафарест, ки Шӯҳрат Улфатовро низ аз дохили вайронаҳо пайдо кард ва кӯмак намуд.

Sputnik Тоҷикистон ҷузъиёти ин ҳодисаро аз ҷавон пурсон шуд. Ба гуфтаи Оламафрӯз, вай шаҳрванди тоҷиктабори Узбакистон аст.

Абдуллоев субҳи 31 декабр барои адои намоз бедор мешавад ва садои таркишро шунида, ба берун мешитобад.

Ӯ мегӯяд, вақте ба назди бино рафт, дар баландӣ занеро дид, ки дар даст тифлаш, гиря мекард. Ҷавон ба баландиҳо ҷаҳида, онҳоро ба поён мефарорад.

Сипас зани русе аз вай хоҳиш мекунад, ки ба ошёнаи сеюм баромада, ба писараш кӯмак кунад. Оламафрӯз дар ошёнаи севум писари зани русро пайдо карда наметавонад. Чашмаш ба Шӯҳрат меафтад, ки дар зери харобаҳо танҳо нимаи танаш намоён буд.

Взрыв бытового газа в жилом доме в Магнитогорске - Sputnik Тоҷикистон
Навори наҷоти кӯдаки 11-моҳа: аз модару се кӯдаки тоҷик ҳанӯз дарак нест - видео

"Шӯҳратро дар ошёнаи сеюм пайдо кардам. Пойҳояш зери хоку бетон монда буд. Худам натавонистам ӯро берун кунам, барои ҳамин афсарони хадамоти наҷотро интизор шудам", - мегӯяд Оламафрӯз.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Шӯҳрат дар ҳолати кома ё беҳушӣ қарор дошт.

Аммо вақте ҷавони узбакистонӣ Шӯҳратро пайдо намуд, ӯ дар ҳуш будааст ва сӯҳбат мекардааст. Абдуллоев афзуд, ки Шӯҳрат гумон дошт, ки зану фарзандаш саломатанд.

"Шӯҳрат дар ҳуш буд. Ҳама чизро мефаҳмид. Аввал бо забони русӣ бо вай сӯҳбат кардам. Сипас пурсидам, ки миллаташ чист. Гуфт, ки тоҷик аст. Сипас ба тоҷикӣ сӯҳбат кардем. Мегуфт, ки тамоми баданам пури хун шудааст, аз даҳонам хун меояд. Ман барои он ки аз ҳуш наравад, бо вай сӯҳбатро идома медодам. Вақте дар бораи оилааш пурсидам, гуфт, ки зану фарзандаш ба берун баромадаанд", - тавзеҳ дод ҷавон.

Оламафрӯз Шӯҳратро ҳудудан соатҳои 6-7  пайдо мекунад. Аммо танҳо соатҳои 13 вайро ба бемористон интиқол медиҳанд. То ин дам ҷавони узбакистонӣ дар назди Шӯҳрат мемонад.

"Азбаски ӯ дар қабати харобаҳои зиёд қарор дошт, наҷотдиҳандагон барои бехатарии вай бетонро пора-пора карда гирифтанд.  Дар ин ҳолати хатарнок зинда мондани ҷавонро мӯъҷизаи Худованд медонам", - афзуд ӯ.

Бахтиёр Султонов - тағои Шуҳрат Улфатов ва намояндагони сафорати Узбакистон дар Русия аз Оламафрӯз барои кӯмакҳояш муташаккир шудаанд.

© из личного архива Аламафруза АбдуллаеваАламафруз Абдуллаев, мигрант спасавший пострадавших в Магнитогорске
Мегуфт, зану фарзандонам берун баромаданд: Шӯҳратро ҳам муҳоҷири узбакистонӣ наҷот додааст - Sputnik Тоҷикистон
Аламафруз Абдуллаев, мигрант спасавший пострадавших в Магнитогорске

Оламафрӯз Абдуллоеви 23-сола зодаи вилояти Сурхандарё, ноҳияи Сари Осиёи  Узбакистон аст. Ӯ баъди хатми коллеҷ ба Русия меояд ва дар сохтмон ба кор шурӯъ мекунад. Оиладор нест ва шаҳрвандии Русияро низ надорад.

Мегӯяд, "агар шаҳрвандӣ мегирифтам, хуб мешуд".

"Аммо барои оила барпо кардан вақт ҳаст. Се моҳ пеш волидон мехостанд маро хонадор кунанд, аммо ҳоло вақт ҳаст гӯён ба Русия гурехтам", - шӯхӣ мекунад вай.

Лентаи хабарҳо
0