Дар Узбакистон ҳизби нав ташкил ёфт

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкГорода Мира. Ташкент
Города Мира. Ташкент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тошканд ҷаъомади таъсискунандаи ҳизби нав баргузор гардид, ки дар он дар бораи ташкили ҳизби иқтисодӣ қарор қабул шуд

ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Дар Узбакистон таҳти унвони Ҳизби иқтисодии Узбакистон ҳизби навташкил ёфт, хабар медиҳанд расонаҳои кишвар.

Бино бар иттилои манобеъ, ҷамъомади таъсискунандаи Ҳизби иқтисодии Узбакистон дар Тошканд баргузор шуд. Ҳизби нави иқтисодӣ дар асоси Ҳаракати иқтисодии Узбакистон ташкил ёфтааст.

Дар кишвар феълан чор ҳизб расман ба қайд гирфта шудаанд - Ҳизби либерал-демократии Узбакистон, Ҳизби демократии "Милли тиқланиш"-и Узбакистон (Эҳёи миллӣ), Ҳизби халқӣ-демократии Узбакистон ва Ҳизби Сотсиал-демократии Узбакистон "Адолат".

"Ҳаштуми январ дар Тошканд ҷамъомади таъсискунандаи ҳимзби нав баргузор гардид. Дар он дар бораи ташкил ёфтани Ҳизби иқтисодии Узбакисатон қарори вижа қабул гардид", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ. Ҳамчунин, барнома ва низомномаи ҳизб тасдиқ гардидааст.

Худи ҳамон рӯз маҷлиси умумии шӯрои марказии Ҳизби иқтисодии Узбакистон баргузор гардид. Раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои марказии Ҳизби нав Борий Алихонов интихоб гардид.  Ӯ ҳамчунин симати муовини раиси палатаи поёнии парлумони Узбакистонро дар дӯш дорад.

Мувофиқи қонун "Дар бораи ҳизбҳои сиёсии Узбакистон", ҳизби сиёсӣ дар Узбакистон метавонад дар съезди таъсисёбӣ ё ҳамоиш ташкил шавад. Гурӯҳи ташаббускорони ташкили Ҳизби иқтисодӣ моҳи ноябри соли 2018 ташкил ёфта буд. Барои ташкил кардани ҳизби сиёсӣ бояд на камтар аз 20 ҳазор имзои шаҳрвандони кишварро аз ҳашт манотиқи кишвар ҷамъ овард. Ариза дар бораи ба қайд гирифтани ҳизби сиёсӣ дар муддати як моҳ дида баромада мешавад.

Моҳи декабри соли 2017 раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод карда буд, ки дар Узбакистон дар асоси Ҳаракати иқтисодии Узбакистон ҳизби иқтисодӣ ташкил ёбад. Ба гуфтаи вай, бо ин роҳ рақобати ҳизбӣ дар кишвар пурзӯртар мешавад.

Ҳоло дар платаи қонунгузории Узбакистон 150 вакил фаъолият мебаранд: 135 нафари онҳо дар интихобот интихоб мешаванд ва аз соли 2009 15 ҷойро барои вакилони Ҳаракати иқтисодии Узбакистон ҷудо мекарданд. Мувофиқи интихоботи соли 2015, 52 ҷойро  вакилони Ҳизби либерал-демократии Узбакистон (ҳизби ҳоким), Эҳёи миллӣ - 36 ҷой ва "Адолат" - 27 ҷойро аз  худ кардаанд.

Интихоботи навбатии парлумонӣ дар Узбакистон бояд охирҳои соли 2019 баргузор шавад.

Лентаи хабарҳо
0