ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе шабона борони суст меборад. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, меғ мефарояд. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шабона боридани борони суст дар назар буда, рӯзона бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 5-10 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 25-30 ва рӯзона 12-17 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2 ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.