ДУШАНБЕ, 9 янв - Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилаи (ММД) Тоҷикистон дар соли 2018, 68 миллиарду 844 миллион сомониро (7,3 миллиард доллар)ташкил додааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Ҳамин тариқ давоми соли охир ММД Тоҷикистон сари ҳар як тоҷикистонӣ 725 сомонӣ (76,9 доллар) зиёд шуда, 7 ҳазору 565 сомониро (803 доллар) ташкил додааст. Дар ин ҳол шумораи аҳолии Тоҷикистон дар аввали соли ҷорӣ ба 9,1 миллион нафар расидааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ММД Тоҷикистон 61 миллиарду 93 миллиону 600 ҳазор сомониро (6,5 миллиард доллар) ташкил дода буд. Он вақт ММД сари аҳолӣ 6 ҳазору 840 сомониро (726,1 доллар) ташкил мекард.
Чанде пеш коршиносони Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) қайд карда буданд, ки 38 сол лозим аст, то ки Тоҷикистон ба сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти даромад аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ ворид шавад, чунки кишвар ҳоло ба гуруҳи пасттарин ҳам дохил нест.
Ба гуфтаи коршиносон сатҳи болоравии миёнаи ММД ба сари аҳолӣ дар солҳои 2020-2023 дар Тоҷикистон 2,9%-ро ташкил мекунад.