Тоҷикистон дар Чин намоиши аксҳо баргузор кард

© Sputnik / Амир ИсаевВ Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири "Знаки Согдианы"
В Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири Знаки Согдианы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намоиш бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Маркази омӯзиши таърихи Тоҷикистони Донишгоҳи омӯзгории Шэнси баргузор карда шуд

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Чанде пеш, 6 январ бахшида ба 27-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Чин дар маркази музофоти Шэнси — шаҳри таърихии Сиан намоиши аксҳо доир гардид, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, намоиш  таҳти унвони "Тоҷикистон ва Роҳи абрешим" баргузор гардид.

"Намоиш аз шаш бахш – робитаҳои Тоҷикистону Чин, муносибатҳои сатҳи олӣ, ҳамкорӣ дар доираи "Камарбанд ва Роҳ", манзараҳои табиии Тоҷикистон, унсурҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ, иншооти меъморию фарҳангӣ, инчунин дастовардҳои Маркази омӯзиши таърихи Тоҷикистон дар Донишгоҳи омӯзгории Шэнси иборат буд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Намоиш бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Чин ва Маркази омӯзиши таърихи Тоҷикистони Донишгоҳи омӯзгории Шэнси баргузор карда шуд.

Дар доираи иштирок дар намоиш мулоқоти Сафири Тоҷикистон  дар Чин Парвиз Давлатзода бо роҳбарияти Донишгоҳи мазкур  доир гардид.

Лентаи хабарҳо
0