Сангрезиш: роҳи Душанбе-Хоруғ чанд соат масдуд шуд

© AP / NIKOLAS GIAKOUMIDISКамнепад, архивное фото
Камнепад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Феълан аз қисмати покшудаи ҷодда худравҳои сабукрав ҳаракат мекунанд. Масъулин роҳро тоза кардаанд

ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғи Тоҷикистон, дар қисмати роҳи миёни ноҳияҳои Дарвоз ва Шамсиддин Шоҳин, ки тӯли чанд соат ба иллати резиши сангу лой баста шуда буд, ҳаракати худравҳо дубора барқарор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир аз қисмати покшудаи ҷодда худравҳои сабукрав ҳаракат мекунанд.

Гуфта мешавад, ки то поёни рӯз роҳ барои худравҳои боркаш низ боз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта хадамоти обу ҳавои Тоҷикистон ба истиснои вилояти Суғд дар навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар боришоти зиёдро пешбинӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0