ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар наздкии шаҳри Саратов ба садамаи мудҳише афтоданд, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.
Нақлиёти сабукрави ВАЗ-2114, ки онро ронандаи 40-солае идора мекард ва мусофири 23-солае ӯро ҳамроҳӣ мекарду ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон буданд, ба роҳи муқобили ҳаракат баромада, ба мошини бензинкашоне бархӯрд.
Садама дар километри 326-уми шоҳроҳи Сизран - Волгоград субҳи панҷуми январ сар задааст. Хушбахта ҳангоми садама дар мошини бензинкашон сӯзишворӣ набудааст.
Дар пайи садама ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳати вазнин бардошта, ба бемористон бистарӣ гаштанд. Мусофири ҷавон пас аз ду рӯзи ҳодиса дар бемористон ба ҳалокат расида, ронанда дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Кормандони полисе, ки ба ҷои ҳодиса расиданд, ду бастаи полиэтиленӣ пайдо карданд, ки дар ҳар яке, як килограмӣ маводӣ нашъадор ҷой дода шудааст.
Кормандони полис муайян кардаанд, ки баста аз они мусофири худрави ВАЗ-2114 будааст. Тафтишоти ҳодиса идома дорад.