ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7, инчунин то 10-12 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 18-23 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар баланкӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона -2+3 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.