Аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромад: ҳалокати Муродов дар садамаи марговар дар Турсунзода

© Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВУД таъкид мекунад, ки  аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар пайи садамаи марговар дар шаҳри Турсунзода марди 66-сола ба ҳалокат расид, хабар медиҳад ВУД.

Бино бар иттилои манбаъ, 7-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 19:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Тико”, Шеров Сардор Ӯроқович, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Бақои ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри мазкур пиёдагард Муродов Худойқул Раҳмонович, соли таваллудаш 1953, сокини деҳаи Темурмалики ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

ВУД таъкид мекунад, ки  аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.

Дар натиҷа, Муродов  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0