Рӯзи сахт: Раҷабмо ва 3 тифлашро дар Тоҷикистон ба хок супурданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЦветы в память о погибших в Магнитогорске, архивное фото
Цветы в память о погибших в Магнитогорске, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷабмо Исоева ва се фарзандашро, ки дар пайи ҳодисаи нохуш дар Магнитогорск ба ҳалокат расиданд, ба хок супурданд

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон дар вилояти Хатлон модари тоҷик ва се фарзандашро, ки дар ҳодисаи Магнитогорск ба ҳалокат расида буданд, ба хок супурданд.

Ҷанозаи Раҷабмо Исоеваи 24-сола ва се фарзандаш  Аҳмадҷони 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-сола рӯзи 6 январ аз Екатеринбург ба Душанбе интиқол дода шуд.

"Дар фурудгоҳи Душанбе шахсони расмӣ ба наздикони ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ карданд", - хабар додаанд аз Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Модар ва се фарзандашро пас аз намози ҷаноза ба оромгоҳи деҳаашон ба хок супориданд.

Ба маросими видоъ бо ҳалокшудагон сокинон аз гӯшаву канорҳои Кушониён, намояндагони ҳукумати шаҳр, роҳбарони раёсатҳои Вазорати муҳоҷират ва намояндагони Вазорати умури дохила ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0