Ҷасади Раҷабмо ва се фарзандашро ба Тоҷикистон ирсол карданд

© Sputnik / Нилуфар КаримоваБлизкие Зарины Юнусовой грузят гроб с телом Умарали Назарова в автомобиль
Близкие Зарины Юнусовой грузят гроб с телом Умарали Назарова в автомобиль - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷониби Русия ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Раҷабмо ва се фарзандашро ба Ватан ирсол кард

ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Ҷанозаи чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи таркиши манзил дар Магнитагорск фаҷиабор ҳалок шуданд, ба кишвар ирсол карда шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ёдрас мешавем, ҳодиса саҳарии 31 декабр дар Магнитагорск рух дод. Дар пайи таркиши газ чанд манзили бино фурӯ рехт.

Ҳангоми фоҷиа дар бино 120 сокин қарор доштанд. Дар натиҷа 39 тани онҳо ба ҳалокат расиданд. Раҷабмо ва се фарзандаш низ  мутаассифона ба ҳалокат расиданд. Ҷустуҷӯи ҷасади онҳо чанд рӯз идома дошт. Наҷотдиҳандагон чанде пеш ҷасади онҳоро аз зери вайронаҳо пайдо карданд.

Шавҳари Раҷабмо Шӯҳрат Улфатови 26-соларо худи ҳамон рӯзи ҳодиса пайдо карданд. Ӯ ба бемористон бистарӣ гардида, табибон мардро ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло аҳволи Шӯҳратро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдрас мешавем, муфаттишон ҷои ҳодисаро ташхис кардаанд. Аз ҷойи ҳодиса аломатҳои таҷҳизоти тарканда пайдо нагардидааст.

Лентаи хабарҳо
0