Дар шаҳри Хуҷанд кӯчаи Саид Валиев бозсозӣ мешаваду чароғон мегардад

© © Мэрия города ХуджандМэр город Худжанд Маъруф Мухаммадзода, архивное фото
Мэр город Худжанд Маъруф Мухаммадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба сохторҳои дахлдор барои оғози корҳои таъмиру таҷдид ва васеънамоии роҳи кӯчаи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд супориш додааст

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik.  Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ахиран аз маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр боздид намуда, барои оғози корҳои таъмиру таҷдид ва васеънамоии роҳи кӯчаи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақооти шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Женщины фотографируются на фоне Мавзолея Шейха Муслихиддина в городе Худжанде в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар 11 моҳ беш аз 56 ҳазор сайёҳ аз Хуҷанд дидан кардаанд

Бино бар иттилои манбаъ, ба роҳбарони сохторҳои корхонаи “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳр дастур дод, ки бо мақсади ба талаботи замони муосири шаҳрсозӣ мутобиқ намудани роҳҳои канории шаҳр, аз ҷумла дар ду канори кӯчаи Саид Валиеви даромади маҳаллаи Чашмаи Арзана пайроҳаҳо бунёд намоянд.

Азҷумла раиси шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки ҷуйборҳои обгузар, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва чароғонкунӣ амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин ба роҳбарияти КВДК “Хуҷандобуканал” дастур дода шуд, ки барои таъмини сокинони маҳаллаи Чашмаи Арзана бо оби тозаи нӯшокӣ тарҳи нав пешниҳод намояд.

Маъруф Муҳаммадзода, ҳамчунин ба муовини раиси шаҳр Аюб Раҳматзода дастур дод, ки барои пешгирӣ намудан аз сохтмонҳои ғайриқонунии мавзеъҳои муайян чораҳои ҷиддӣ андешида, сохтмонҳои ғайриқонунии бунёдшудаистодаро бартараф намоянд.

Лентаи хабарҳо
0