ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд 3 январи соли равон Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода бо сокинони ноҳияи Ашт мулоқот кард.
Ашӯрбой Солеҳзода зимни мулоқот нуктаҳои муҳимтарини паёми раисҷумҳури Тоҷикистонро ба сокинон тавзеҳ дода, аз дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуд.
Ашӯрбой Солеҳзода ҳамчунин зимни мулоқот дар бораи амалӣ шудани як қатор лойиҳаҳои сармоягузорӣ, зиёд гардидани таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ андешаҳои худро баён кард.