ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи нохуши марги кӯдаки 5-сола зери чархи мошини “Камаз” рӯзи 3-юми январи соли равон дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи мазкур рух додааст.
Манбаъ хабар додааст, ки рӯзи 3-юми январи соли 2019, тахминан соатҳои 09:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-54115”, Абдухолиқов Қосимҷон Комилҷонович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Бобоҷонов Муъминҷон, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Қаҳрамонро пахш намудааст.
“Дар натиҷа, хурдсол Бобоҷонов М.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”, таъкид намудааст манбаъ.
Кормандони милитсия аз рӯи ин ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.