ДУШАНБЕ, 4 янв - Sputnik. Кормандони вазорати умури дохилаи шаҳри Душанбе се нафареро дастгир намуданд, ки шабона манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро мавриди дуздӣ қарор медоданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, муайян гардид, ки дар содир намудани як қатор ҷинояти дуздӣ шаҳрвандон Ҳукуматов Фирдавс Нуриддинович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Наимов Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1984 ва Қурбонов Кароматулло, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Мирсайид Алии Ҳамадонӣ бо маслиҳати пешакӣ бо таъсиси гурӯҳи ҷиноятӣ шабона манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро мавриди дуздӣ қарор медоданд.
Зимни пурсиш ошкор гардид, ки дастгиршудагон манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро зери назорат ва ҳадафи худ қарор дода, дар набудани соҳибхона бо ҳар роҳу восита вориди манзилҳои истиқоматӣ шуда, маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки арзишмандро ба таври пинҳонӣ тасарруф кардаанд.
Аз ҷумла, шаби 15-уми декабри соли 2018 ба манзили истиқоматии шаҳрванд Забиров Маҳмадшо, воқеъ дар кӯчаи Нурафзо гардида, аз он ҷо 20 ҳазор сомонӣ, 2 ҳазору 200 доллари амрикоӣ ва телефони мобиливу планшетро тасарруф намудаанд, ки бо ин кирдорашон ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 46-ҳазор сомонӣ зарар расониданд.
Ҳамчунин номбурдагон ба манзили истиқоматии шаҳрванд Қурбонова Нарзӣ, воқеъ дар кӯчаи Фучик ғайриқонунӣ ворид шуда, аз он ҷо маблағи пулии 7150-сомониро ба яғмо бурдаанд.
Инчунин муайян шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар содир намудани 15 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 200-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
“Аз номбурдагон як миқдор маблағҳои дуздидашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Айни ҳол нисбати шахсони мазкур бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.