ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилоияи ин ниҳод, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 23-28 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мешавад.
“Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 8-3 дараҷа гарм мешавад”, - омадааст дар иттилоия.
Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш ва фаромадани туман пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм хоҳад буд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш, шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад