ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Рашид Олимов аз вазифаи дабири кулли СҲШ рафт ва ба ҷои ӯ намояндаи Узбакистон Владимир Норов таъйин гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Узбакистон.
Дабири кулли нави созмон то 31 декабри соли 2021 таъйин гардидааст.
Владимир Норов, 31 августи соли 1955 дар вилояти Бухоро ба дунё омадааст.
Вай қаблан дар вазифаҳои гуногун давлатӣ фаъолият кардааст. Вай пештар дар вазифаи муовини аввлаи вазири корҳои хориҷаи Узбакистон, мушовири давлатии раисҷумҳур, сафир дар Олмон ва аз соли 2006 то 2010 вазири корҳои хориҷаи Узбакистон буд.
Ёдрас мешавем, ки аз 1 январи соли 2016 то охири соли 2018 дабри кулли СҲШ Рашид Олимов буд.
Рашид Олимов, 23 июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(1975) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМҲКИШ (1990) мебошад.
Ӯ аз солҳои 1991-1992 ба ҳайси мушовири президент ва аз моҳи декабри соли 1992 то охири соли 1994 ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1994 то 2005 намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва аз декабри соли 2005 сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Чин фаъолият мекард.
Соли 2016 Р. Олимов ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай таъин шудааст. Тавофуқ дар бораи таъини Олимов ба мақоми дабири куллли СҲШ тобистони соли 2015 дар ш. Уфа (Русия) аз ҷониби Шурои сарони давлатҳои СҲШ ҳосил шуда буд. Мансаби дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2007 ҷори шудааст.
Намояндаи Тоҷикистон Рашид Олимов чорумин дабири кулли СҲШ мебошад. Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 ташкил шуда буд.
Феълан узви ин созмон Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Узбакистон мебошанд. Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар ин созмон мақоми кишварҳои нозирро доранд.