ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Аз 1-уми январ и соли 2019 мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон боло рафт.
Тибқи қарори мазкур мизони ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ то 10 дарсад боло рафтанд.
Аз 1-уми июли соли 2018 дар Тоҷикистон истилоҳи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маоши ҳадди ақал, ки барои пардохти андоз, ҷарима, боҷҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин кумакҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо истифода мешавад, иваз карда мешавад.
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо” аз рӯи меъёри таваррум ҳисоб мешавад.
Аз 1-уми январи соли 2017 андозаи ҷарима ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикисмтон аз рӯи "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" шумурда мешавад. Ҳаҷми ин нишондиҳанда дар ҳоли ҳозир 50 сомонӣ аст. Аз соли нав 55 сомонӣ мешавад.