ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки барои беҳдошти солимии ҷомеа ва пешгирии ҳама гуна бемориҳо, аз ҷумла вируси норасоии маснуияти одам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа пурзӯр карда шаванд.
Манбаъ афзуд, раиси Душанбе барои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозагиву поккорӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва дигар амалҳои неку хайр супориш додааст.
Раиси Душанбе махсусан таъкид кардааст, ки супоришҳои марбут ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолият дар соли нави мелодии 2019 бечунучаро иҷро карда шаванд.