ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 31 декабр, Ғайрат Сангинов, ронандаи 32-солаи “Мерседес-Бенс”, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, пиёдагард, Ҳакимов Амриддини 62-соларо, ки аз роҳ мегузаштааст, зер кардааст.
Дар натиҷа Ҳакимов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД афзуд, ки инчунин 31 декабр, Хуршед Қобилов, ронандаи 33-солаи “Мерседес-Бенс”, сокини шаҳри Конибодом, дар километри 38-уми роҳи Конибодом-Хуҷанд, ҳангоми гаштан ба тарафи чапи роҳ, ба автомашинаи “Опел-Зафира”, таҳти идораи ронанда Тошхӯҷаев Акбархӯҷа, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бархӯрдааст.
“Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Утбасаров Турдибой, соли таваллудаш 1950 истиқоматкунандаи ноҳияи Исфонаи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, мусофирони дигари автомашинаи мазкур шаҳрвандон - Утбасаров Фарҳод ва Утбасарова Муяссар истиқоматкунандагони ҳамон ҷо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Конибодом бистарӣ гардидаанд.