“Toyota Camry” ба дарёи Варзоб рафт: ронанда маст буд

© Пресс-служба МЧС Таджикистана Берун овардани мошини “Toyota Camry” аз дарёи Варзоб
Берун овардани мошини “Toyota Camry”  аз дарёи Варзоб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар 18-ум километри шоҳроҳи Душанбе – Чанок ҷавони 17-сола сокини шаҳри Душанбе дар ҳолати сархушӣ аз уҳдаи идораи машини “Toyota Camry” набаромада, панҷараи канори роҳро шикаста ба дарёи Варзоб меравад

ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Дар арафаи Соли нави мелодӣ ҷавони маст бо ду мусофираш бо мошини “Toyota Camry” ба дарёи Варзоб меафтад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар 18-ум километри роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ як ҷавони 17-солаи шаҳри Душанбе, ки мошини “Toyota Camry” - ро дар ҳоли мастӣ идора мекард, бо мошинаш худро ба дарёи Варзоб андохт.

Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки зимни рух додани ҳодисаи мазкур дар мошин ду мусофири  дигар будааст.

Мэрия Душанбе подарила спец. технику  МЧС Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдорӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мошини махсус тақдим кард

“Мошин тахминан 3-4 метр парид ва баъдан ба қаъри 1,5-2 метр фурӯ рафт. Вақте наҷотдиҳандагон расиданд, мошин дар миёни дарё буд ва танҳо болои он менамуд, боқӣ дар об ғӯта зада буд”, - хабар додааст КҲФ Тоҷикистон.

Дар натиҷаи наҷотдиҳандагон ронанда ва ду мусофири мошинро берун оварданд.

Ба иттилои манбаъ, онҳо осеб надиданд, аммо онҳо тарсиданду тар шуда буданд.

Наҷотдиҳандагони мошинро бо ёрии кран аз миёни дарё берун оварданд. Амалиёт муддати як соат идома кард ва баъдан онро барои тафтишу чораҷӯӣ ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз волидон хоҳиш намудааст, ки бачаҳои худро бе назорат нагузоранд.

Инчунин Кумита аз кулли ронандагон хоҳиш намудааст, ки дар ҳоли сархӯшӣ аз шароб мошинронӣ накунанд.

Лентаи хабарҳо
0