Супориши Раҳимзода: генерал Аламшозода ба интернат дар Рӯшон ғизо расонд

© дафтари матбуоти ВУД ТоҷикистонТақдими туҳфаҳои солинавӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар Рӯшон
Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар Рӯшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ маҳсулоти хурокворӣ дастрас гарданд

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маҳсулоти мазкурро дар арафаи Соли нав Абудраҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири умури дохилӣ ва  Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси ВМКБ ба мактаб – интернат расонданд.

“Маҳсулот аз қабили як тонна орд, 400кг шакар, 275кг макарон, 150 литр равган, як тонна карам, 100кг гӯшт, моҳӣ, тухм, сабзи, сирпиёз дар маҷмӯъ 6,5 тонна дастрас гардид”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ба тарбиятгирандагони ин муассиса инчунин 300 адад тӯҳфаи солинавӣ тақдим карда шуда, Аламшозода аз онҳо даъват намуд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд.

Лентаи хабарҳо
0