ДУШАНБЕ, 29 дек - Sputnik. Дар Екатеринбург дар натиҷаи садамаи автобуси мусофиркаш чандин нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, хабар додааст дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Свердловск.
Садамаи мазкур рӯзи шанбе ба вуқуъ пайвастааст.
Ба иттилои Кумитаи тафтишоти Русия, дар чорроҳаи хиёбони Ленин ва кӯчаҳои Сакко ва Вантсетти автобуси мусофиркаш аз самти ҳаракат берун шуда, ба чароғак бархурдааст. Дар натиҷа, на кам аз 10 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, ки дар байнашон ноболиғон низ будаанд.
Нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шудааст.
Дар дафтари матбуотии ВКД Русия дар вилояти Свердловск тасдиқ карданд, ки ронандаи автобус тоҷик будааст.
Автобуси мусофиркаш ба сӯи маркази Екатеринбург ҳаракат мекардааст, ки ногаҳон ҷип ба пешаш гузаштааст.
Аз ин сабаб, ронандаи автобус чанбаракро тез ба тарафи рост тоб дода, ба чароғаки роҳнамо бархӯрдааст.
Тасдиқ шудааст, ки дар натиҷаи садама 11 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд, ки байнашон 4 ноболиғ низ будаанд. Ҳамаи ҷароҳатбардоштагон ба беморхона фиристода шудаанд.