Маркази ҳуҷҷатгузории муҳоҷиратии Маскав дар давоми ҷашнҳои солинавӣ фаъолият намекунад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкИностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото
Иностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба хотири ҷашнҳои солинавӣ фаъолияти автобусҳои мусофиркаш аз метро то маркази ҳуҷҷатгузории муҳоҷиратии Маскав муваққатан қатъ мегардад

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Маркази ҳуҷҷатгузории муҳоҷиратӣ дар Маскав давоми таътили солинавӣ фаъолияташро қатъ мекунад, хабар додааст дафтари матбуотии муассисаи мазкур.

Марказ аз 30-юми декабри соли 2018 то 8-уми январи 2019 фаъолият нахоҳад кард.

Акс аз навори Бунгоҳи муҳоҷиратӣ дар Маскав дар Ютуб - Sputnik Тоҷикистон
Маркази муҳоҷиратӣ дар филме роҳҳои таҳияи патентро нишон дод

Таъкид шудааст, ки дар ин давом муҳоҷирон наметавонанд ҳуҷҷатҳои лозимаро барои тартиб додани патент ва ё гирифтани он пешниҳод кунанд. Инчунин хориҷиён наметавонанд барои ба даст овардани иҷозатноимаи иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи иқомат машварат гиранд ва ё ҳуҷҷат пешниҳод кунанд.

Намояндагони ин муассиса қайд кардаанд, ки 29 декабр марказ чун ҳарвақта фаъолият хоҳад кард. Дар ин ҳол додани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва иҷозатномаи иқомат аз соати 09:00 то 18:00 бо вақти Маскав ба роҳ монда шудааст.

Ғайр аз ин бо дарназардошти ҷашнҳои солинавӣ аз 30 декабр то 8 январ хатсайри автобуси МЦ1, ки аз метрои “Лесопарковая” то Маркази ҳуҷҷатгузории муҳоҷиратӣ мусофиркашонӣ мекунад, фаъолияташро қатъ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0