Марги боз як муҳоҷири тоҷик дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Санкт-Петербург

© Sputnik / Табылды КадырбековКаски рабочих, архивное фото
Каски рабочих, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сабаби афтидани плитаи бетонӣ ба рӯи ҳоҷатхона ду муҳоҷири меҳнатӣ ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik.  Тибқи иттилои хабаргузории "Невские Новости” рӯзи 28 декабри соли равон дар яке аз майдонҳои сохтмонӣ шаҳри Санкт-петербург ба сабаби афтидани плитаи бетонӣ ба рӯи ҳоҷатхона ду муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи мазкур дар майдони сохтмони як бинои истиқоматӣ дар гузаргоҳи якуми Предпортовий дар ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербург рух додааст.

Жилищное строительство, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати сохтмончии ҷавони тоҷик дар Санкт Петербург

Гуфта шудааст, ки ҳангоми гузоштани плитаҳои бетонӣ ба бинои сохтмон як плитаи 20-метрӣ ногаҳон канда шуда, бо зарбаи шадид ба болои био-ҳоҷатхонаҳое, ки барои коргарон гузошта шуда буданд, афтидааст.

Аз зери овори ҳоҷатхонаҳо ҷасадҳои як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон ва як шаҳрванди 28-солаи Қирғизистонро берун кашидаанд. Инчунин, дар ин ҳодиса боз як муҳоҷири дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст.

Баъд аз тафтишоти намояндагони нозироти давлатии меҳнат ва муфаттишони шуъбаи тафтишоти ноҳияи Маскав муайян шуд, ки қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмони ин иншоот риоя нашудааст.

Дар робита ба марги коргарон, бар асоси моддаи "вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар корҳои сохтмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ду нафар шудааст” парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ёдрас мешавем, ки 21 декабри соли равон дар як маҳалли сохтмони дигар шаҳри Санкт-Петербург ба сабаби афтидани плитаи бетонӣ як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон ба ҳалокат расида буд. Дар ин ҳодиса ду муҳоҷири дигар дар бемористон бистарӣ шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0