ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Рустамов бо нашри як муроҷиатнома дар саҳифаи фейсбукияш гуфт, ки рӯзи ҷумъа соати 21:30 пахши мустақими барномаи “Голос”, марҳилаи нимниҳоӣ оғоз хоҳад шуд.
“Ман нахустин шуда дар барнома ҳунарнамоӣ хоҳам кард. Аз ҳамватанон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷодиётам таваҷҷуҳ доранд, хоҳиш дорам, ки маро дастгирӣ кунанд”, - изҳор доштааст Рустамов.
Даниэл Рустамов, ки ҳафтаи гузашта бо раъйи мухлисон ба даври нимниҳоии барномаи “Голос”-и шабакаи аввали телевизиони Русия роҳ ёфт, инчунин ба мухлисон миннатдорӣ баён кард.
“Шукри Худо, ки шумо маро дар даври чорякниҳоӣ наҷот додеду ба марҳилаи нимниҳоӣ гузаштам Аз чунин дастгирӣ хеле хушҳолам. Гуфтаниям, ки ин беҳтарин лаҳза дар ҳаётам мебошад. Дар коре, ки мо анҷом медиҳем, ҳар яки шумо ҷузъи ин равандед ва мо чун як дастгоҳи бузургем. Пирӯзии ман пирӯзии шумост”, - навишта буд Даниэл Рустамов дар саҳифаи фейсбукияш.