ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамолуддин Убайдуллоев ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода мехоҳанд дар Париж таърих ва фарҳанги халқи тоҷикро дар сатҳи баланд муаррифӣ кунанд. Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
Орумбекзода имрӯз, 27 декабар сафири Тоҷикистон дар Фаронсаро ба ҳузур пазируфта, ин масъаларо муҳокима кардааст.
Гуфта мешавад, Вазорати фарҳанг ба нақша гирифтааст дар соли 2019 дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж Намоиши нигораҳои таърихии халқи тоҷикро баргузор кунад.
"Баргузории Намоиши нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж бояд барои дар сатҳи баланд муаррифӣ кардани таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дар Фаронса мусоидат кунад", - қайд кардаанд Убайдуллоев ва вазир.