ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд зани 35-солае ба иттиҳоми даллагӣ боздошт шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, милисаҳои шаҳри Хуҷанд ҳангоми бозҷӯӣ зани 35-сола, сокини шаҳри Бӯстонро дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дастгир кардаанд.
"Ӯ 24-уми декабри соли 2018, тахминан соати 17:50-дақиқа, дар ҳудуди маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд, барои алоқаи ҷинсӣ намудан зани 24-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ва марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо ҳам шинос карда, аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.