Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалии андоз дар ҷои 136-ум қарор гирифтааст

© PixabayГрафик
График - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳқиқоти Paying Taxes 2019-ро ташкилоти PwC дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ гузаронидаанд

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Тоҷикистон дар раддабандии Paying Taxes 2019 аз рӯи андозбандӣ дар ҷои 136-ум қарор гирифтааст, гуфта мешавад дар матни таҳқиқот.

Таҳқиқотро мутахасисони шабакаи консалтингии ташкилоти  PwC дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ гузаронидаанд. Мувофиқи таҳқиқот арзиши андози умумӣ дар Тоҷикистон 32,1 фоизро ташкил додааст, ки ин аз ҳисоби вазни қиёсии андоз ва партохтҳои ба фоидаи корхона супурда шуда мебошанд.

Дар умум нишондиҳандаи поёнтар аз муқарароти миёна дар Осиёи Миёна ва Шарқи Аврупо 32,8% ва аз ин пасттар Ташкилотҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд 40,2 фоизро ташкил додаанд.

Дар ин ҳол аз ҳисоби андозбандӣ Қазоқистон дар ҷои 56, Узбакистон – 64, Русия – 53, Қирғизистон – 150, Озорбойҷон – 28, Тоҷикистон – 136 қарор гирифтаанд.

Таҳқиқоти мазкур нишондиҳандаҳои зеринро дар соҳаи андозсупорӣ ба назар мегирад: миқдори пардохтҳо дар давоми сол, вақт, талабот барои мувофиқати қонуни андоз ва татбиқи низоми андоз аз арзиши иловашуда (ААИ).  

 

Лентаи хабарҳо
0