Раисҷумҳур барои дастгирии соҳибкорӣ 300 рӯзи ислоҳот эълон кард

Обуна шудан
Бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот амалӣ карда мешавад

ДУШАНБЕ, 26 декабря - Sputnik. Имрӯз, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Парлумон дар бораи амали намудани 300 рӯзи ислоҳот барои дастгирии соҳибкорӣ эълон намуд.

"Соли 2019 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад",- гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.  

Мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон гуфт, ки чаро шумораи муҳоҷирони тоҷик кам шудааст

Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон бо аҳолӣ соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Инчунин ба ҳукумат супориш дода шуд, ки барои дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт  вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешад.

“Ин кори бисёр муҳим буда, ба воситаи курсҳои махсус ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ба ин соҳа такон бахшида мешавад. Чунин таҷрибаҳо ҳатто дар Аврупои пешрафта низ бисёр маъмул аст. Дар Аврупо ба воситаи курсҳои махсус ба соҳибкорон кумак мекунанд ва дониши онҳоро сайқал медиҳанд”, -таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

 

Лентаи хабарҳо
0