ДУШАНБЕ, 25 дек - Sputnik. Дар Институти касбӣ-техникии (ИКТ) шаҳри Чанҷоуи музофоти Стзянсу Маркази таҳқиқотии Тоҷикистон сохта шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии сафорат.
Маросими ифтитоҳи расмии маркази мазкур бо иштироки сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва намояндаҳои шаҳри Чанҷоуву роҳбарияти институти мазкур баргузор гардидааст.
Роҳбарияти институт ба сатҳи омӯзиши 130 донишҷӯи тоҷики ин муассисаи таълимӣ баҳо баланд дода иброз доштааст, ки дар оянда низ баҳри тайёр кардани мутахассисони касбӣ мувофиқи соҳаҳои лозима барои Тоҷикистон, омода аст.
Давлатзода бо арзи сипос диққат ва ғамхории ҳарду кишварро нисбати донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии Чин қайд карда, изҳори минатдорӣ кардааст.
Сафир дар охир ба донишҷӯён муваффақият ва бурдборӣ таманно кардааст.