Президент бо се забон суруд хонда, ҳамаро қоил кард - Навор

Обуна шудан
Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов дар шабнишиние бахшида ба Соли нав суруди "Орзу"-ро бо забони тукрманӣ, англисӣ ва олмонӣ иҷро кард

Дар ҷашни Соли нав, ки мақомдорони Туркманистон онро 21 декабр таҷлил карданд, тамоми сафирон ҳам иштирок доштанд.  Дар он чорабинӣ Бердимуҳаммедов бо наберааш тарона суруд.

Навор дар Ютуб мунташир шудааст.

Таронаро набераи раисҷумҳур Каримӯғлӣ навиштааст. Дар навор дида мешавад, ки ба ҳозирон суруди раисҷумҳур мақбул мешавад.

Дар он раисҷумҳур худ роял ҳам менавозад.

Ёдрас мешавем, ин бори аввал нест, ки раисҷумури Туркманистон ҳунарҳои худро намоиш медиҳад. Чунончи ӯ пештар маълум гашт, ки ӯ китоб менависад ва суруд сабт мекунад. Бердимуҳаммедов ҳатто реп сароида буд.

Лентаи хабарҳо
0