ДУШАНБЕ, 24 дек - Sputnik. Вазири Вазорати дифоъи Амрико Ҷеймс Меттис фармони берун кардани низомиёни амрикоиро аз ҳудуди Сурия ба имзо расонидааст, хабар додааст шабакаи телевизионии Fox News бо истинод ба намояндаи Пентагон.
Иттилоъ, дар бораи ба имзо расидани фармон оиди Сурияро котиби матбуотии Вазорати дифоъи Амрико ҳангоми мусоҳиба ба агентии иттилоотии Фаронса тасдиқ кард.
Илова мекунем, ки иҷрокунандаи муваққатии вазифаи роҳбари дастгоҳи кормандони “Қасри сафед” Мик Малвэни гуфтааст, ки қарори раисҷумҳури Амрико Доналд Трампро дар бораи бурун кардани низомиёни амрикоӣ аз Сурия дар доираҳои сиёсӣ ва Вазорати дифоъи кишвар нописандона қабул карданд. Инчунин вай қайд кардааст, ки қарори роҳбари кишварро “амрикоиҳои оддӣ” дастгирӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Трамп аз пирӯзӣ болои террористони гуруҳи ДОИШ дар Сурия хабар дода буд. Вобаста бар ин вай қайд карда буд, ки низомиёни амрикоӣ метавонанд ба ватанашон баргарданд.
Баъди ин хабар Ҷеймс Мэттис роҳбарии Пентагон тарки вазифа кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтаҳои Трамп дар бораи мағлубияти ДОИШ-ро тасдиқ кард. Аммо Путин баромадани низомиёни Амрикоро аз хоки Сурия шубҳанок хонд.
“Нисбати баровардани қувваҳои мусаллаҳи Амрико чизе намедонам, намефаҳмам ин чӣ маъно дорад... Амрико алакай 17 сол дар Афғонистон аст ва ҳар сол дар бораи баровардани низомиёни худ аз ин сарзамин дарак медиҳад. Аммо онҳо то ҳол дар онҷоянд... Мо то ҳол нишонаҳои баровардани низомиёни Амрикоро надидаистодаем, аммо метавон гуфт ин кори мешудагист”, - гуфт Путин ҳангоми баргузории конфронси калони хабарии ҳарсолааш.