ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Ҷаббор Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагон аз тағйирот ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷонибдорӣ карда, гуфт, махсусан тағйироте, ки ба моддаи 9-и қонун пешбинӣ шудаанд, саривақтӣ ва зарурӣ мебошанд.
Ӯ изҳор дошт, ки тибқи қонуни амалкунанда, падару модар уҳдадоранд, ки таҳсили фарзандро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд.
“Яъне, бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ, падару модар наметавонанд фарзандонашонро барои таҳсили динӣ ба хориҷи кишвар равон намоянд. Ин, албатта, сабабҳо дорад”, - изҳор дошт вакил.
Ӯ афзуд, яке аз сабабҳои асосии ба ҳаракатҳои террористию экстремистӣ шомил гардидани ҷавонон таҳсили ғайрирасмии онҳо дар муассисаҳои динии Эрон, Афғонистон, Покистон, Мисри Араб мебошад.
То ҳол мақомоти Тоҷикистон 3520 нафарро аз таҳсили динӣ дар кишварҳои хориҷӣ баргардондаанд, вале ҳанӯз ҳам 282 нафар дар хориҷа ба таҳсили ғайрирасмӣ машғуланд.
Вакили парлумон дар ҷаласаи ахир аз он таассуф хӯрд, ки аз ҷумлаи ҷавонони ғайрирасмию ғайриқонунӣ таҳсилкарда як қисматашон ба ҳайси сархатибу имомхатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият намуда, бо созмонҳои террористию экстремистӣ пинҳонӣ робита доштаанд.
Ӯ мисол овард, ки дар солҳои 2015 – 2018 беш аз 20 нафар сархатибу имомхатибон дастгир карда шуданд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ахмедов овардааст, ки маҳдудияти дар қонун пешниҳодшуда ҷавобгӯи талаботи моддаи 14 Конститутсияи Тоҷикистон ва моддаи 18 Паймони байналмалалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мебошад, ки он бо мақсади таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқи ҷомеа раво дониста шудааст.