Таваҷҷӯҳи соҳибкорони қазоқ ба соҳаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла дар Суғд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиМулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо сармоягузори қазоқ Султанбек Бакиров
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо сармоягузори қазоқ Султанбек Бакиров  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкор ва сармоягузори Қазоқистон Султанбек Бакиров зимни мулоқот бо Раҷаббо Аҳмадзода таъкид намудааст, ки тасмим дорад ҳамкориҳо дар самти рушди кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла ба роҳ монад

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо соҳибкор ва сармоягузори Қазоқистон Султанбек Бакиров мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот сармогузори қазоқ Султанбек Бакиров таъкид кардааст, ки хостори ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти рушди кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла мебошад.

“Истеҳсоли пилларо бо истифода аз таҷрибаҳои пешқадам амалӣ гардида, дар як мавсим беш аз ду маротиба пилла истеҳсол хоҳад шуд. Коркарди ниҳоии пилла низ дар қаламрави вилоят ба роҳ монда шуда, дар ин раванд даҳҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад”, - таъкид кардааст соҳибкори қазоқ.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар марҳилаи аввал барои бунёди тутзор 50 гектар замин ҷудо карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0