ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, гунаҳкорони фоҷеа дар хонаводаи Раҳматовҳо баъди 11 сол муҷозот шуданд.
Манбаъ гуфт, Бурҳон Исҳоқов ва ҳамсинфаш Наим Холматов нақшаи дуздии беш аз 500 ҳазор рубли Раҳматов Асқарро кашида, 21 декабри соли 2007 вориди хонаи Раҳматовҳо шудаанд.
Муттаҳамон бохабар мешаванд, ки рӯзи 21 декабри соли 2007-ум аҳли оилаи Раҳматовҳо барои гузаронидани маъракаи шашмоҳаи фавти бобояшон ба деҳаи Зарбеди ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом мераванд ва дар хонаи онҳо ягон нафар намемонад.
Додситонӣ афзуд, афроди номбурда бо мақсади дуздӣ ва қасди нобуд кардани амвол бо худ зарфи ҳомили сӯзишворӣ гирифта, бо шикастани кулфи дар вориди ҳавлӣ шудаанду кофтукоби маблағи пулиро дар ҳуҷраҳо оғоз карданд.
“Дар ин вақт духтари соҳибмулк Раҳматов Асқар - ноболиғ Раҳматова, ки худ танҳо дар ҳавлӣ қарор дошт, дарро кушода вориди хона мешавад”, - омадааст дар иттилоияи додситонӣ.
Бар асоси парванда Исҳоқов ва Холматов ба хона ворид шудани ноболиғ Раҳматоваро дида, бо назардошти он, ки онҳоро нағз мешинохт ва метавонист ба мақомот хабар диҳад, нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯро кашиданд.
“Дар ин лаҳза, Исҳоқов аз қафои дар пинҳон шуда, аз пушт ба воситаи чӯб гулуи Раҳматоваро то лаҳзаи беқувват шудани охирин фишор медиҳад. Холматов ба воситаи чӯб ба сари ноболиғ Раҳматова як зарба зада, ҷасади беҷони ӯро ба ҳуҷраи назди даҳлез гузошта, бо бензин хонаро оташ задаанду аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”, - иттилоъ дод додситонӣ.
Додгоҳ Исҳоқов ва Холматовро дар дуздӣ, одамкушӣ ва нест кардани амвол гунаҳкор дониста, барои 24-солӣ равонаи зиндони низомаш сахт кардааст.