Тағйири номи 1113 мавзеъи Тоҷикистон тайи 18 сол

© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешКарта Таджикистана, архивное фото
Карта Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Новобаста аз он, ки дар Тоҷикистон солҳо аз номивазкунии маҳалҳои гуногун паси сар шудаанд, сокинони маҳаллӣ то ҳол аз номҳои пештараи онҳо истифода мекунанд

ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik. Давоми 18 соли охир дар Тоҷикистон, яъне аз соли 2000 то 2018 ба 1113 воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, яъне 1 вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 деҳот ва 966 деҳа ном гузошта ё номи онҳо тағйир дода шудаанд

Номивазкунии  воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мунтазам ба вуҷуд омада, аз 51 ноҳия, номи 23 ноҳия иваз карда шудааст. Аз ҷумла, 12 адад ба вилояти Хатлон, 2 адад ба вилояти Суғд, 5 адад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 4 адад ба шаҳри Душанбе тааллуқ доранд.

Номгузории нави шаҳру ноҳияҳо бо назардошти хусусиятҳои миллию таърихӣ амалӣ гардида, ба номҳои шинам ва мақбули тоҷикӣ, аз қабили Куйбишев ба Абдураҳмони Ҷомӣ, Коммунистӣ ба Бохтар (ҳоло Кӯшиниён), Совет ба Темурмалик иваз карда шуданд.

Аз соли 2000 ба 1113 воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, яъне 1 вилоят, 7 шаҳр, 23 ноҳия, 17 шаҳрак, 98 деҳот ва 966 деҳа ном гузошта ё номи онҳо тағйир дода шудаанд.

Новобаста аз он, ки солҳо аз номивазкунии маҳалҳои гуногун дар Тоҷикистон паси сар шудаанд, сокинони маҳаллӣ то ҳол аз номҳои пештараи онҳо  истифода мекунанд. Масалан, Ленинский район ба ноҳия Рудакӣ тағйири ном кардааст, аммо то имрӯз кам нестанд афроде, ки ин ноҳияро “Ленинский район” ном мебаранд.

 

Лентаи хабарҳо
0