Кордкашии бародар сӯи бародар дар Қубодиён

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 32-сола хабар дод, ки дар кордкашӣ сӯи бародари калонӣ ва расондани зарари вазнини ҷисмонӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшуда 9 декабр, тахминан соати 22:00 дар ҳавлии истиқоматӣ бо бародари 36-солааш муноқиша карда, бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки феълан алайҳи муттаҳам бо моддаи 110 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0