ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Рӯзи 19 декабри соли равон дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар кори ҷаласа аъзои доимӣ ва аъзоёни Шӯрои амният, раиси Суди Олӣ, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, роҳбарият ва масъулони дигар вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, дар оғози ҷаласа фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишварро дар роҳи таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткориҳо натиҷагирӣ намуда, аз тадбирҳои муваффақ ва мавҷудияти як қатор камбудию норасоиҳо дар ин самт ёдовар шудаааст.
Инчунин дар ҷаласа ба таври муфассал масъалаҳои вобаста ба вазъи таъмини амну субот дар кишвар ва фаъолияти сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар соли 2018 баррасӣ шуда, нақшаи тадбирҳои навбатию иловагӣ дар ин самт барои соли 2019 тарҳрезӣ ва мушаххас гардид.
Доир ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои амният роҳбарони мақомотҳои қудратии кишвар ҳисобот пешниҳод намуданд.
“Пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тадбирҳои муштарак ба муқобили қонунвайронкуниҳо, ҷинояту ҷинояткориҳо, таъмини амнияту суботи давлату миллат, тарғибу гиромидошти арзишҳои истиқлолият - ваҳдату суботи сартосарӣ ва дигар вазифаҳои Шӯрои амният, аз масъалаҳои муҳими кори ҷаласа буд”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти Президент.
Манбаъ илова кардааст, ки Эмоалӣ Раҳмон доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, тақвият бахшидани ҳифзи марзи давлатӣ, боло бурдани сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ ва беҳсозии таъминоти моддию техникии онҳо, таҳкими интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ, ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва таҷрибаву маҳорати касбии муҳофизони марзу буми кишвар, кормандони мақомоти судӣ, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, барои бартарафсозии камбудию норасоиҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои ҷиддию саривақтӣ дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот вазифадор карда шуданд.