Корманди кумитаи замини қалбакӣ дастгир шуд

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони милитсияи ноҳия Рӯдакӣ мардеро дастгир намуданд, ки худро корманди кумитаи замин муаррифӣ намуда бо роҳи қаллобӣ барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ маблағ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳурро дастгир намуданд, ки худро корманди кумитаи замини ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ мекардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, вай бо роҳи қаллобӣ барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ маблағ гифта барнагардондааст.

Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қаллобони заминфурӯш боздошт шуданд

“Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли равон марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худро корманди кумитаи замини ноҳияи Рӯдакӣ муаррифӣ намуда, барои аз ҳудуди деҳаи Лолазори ҳамин ноҳия ҷудо намудани 0,6 га замини наздиҳавлигӣ аз ӯ 55 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”,- таъкид намудааст манбаъ.

Вазорати умури дохила афзудааст, ки аз рӯи ин ҳодиса мазкур тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0