ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳарорат шабона 4+6 ва рӯзона +8+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо рӯзона борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 2+7 ва рӯзона ба 6+11 дараҷа мерасад.
Инчунин ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 то -5-10, рӯзона -2+3 ва дар шарқи ин вилоят шабона -12-17 ва рӯзона -1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон, ки ба барфи тар мубаддал мегардад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона аз 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар давоми рӯз дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва фаромадани меғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм хоҳад шуд.