Ҳукумат ба “Рушди Хатлон” сабукӣ дод

© Фото : Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурЭмомалӣ Раҳмон дар Сари Хосор
Эмомалӣ Раҳмон дар Сари Хосор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон ба ҶДММ “Рушди Хатлон”, аз калонтарин ширкатҳои ҷануби кишвар сабукиҳои ҷадид ироа кард

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо намуд, “Рушди Хатлон” бо гирифтани сабукиҳои молиётӣ ба бунёди меҳмонхонаи муосир дар минтақаи сайёҳии “Сари Хосор”-и ноҳияи Балҷувон машғул хоҳад шуд.

Эмомали Рахмон на церемонии в честь запуска первого агрегата Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Тоҷикистон интизор: тамошои дастаҷамъонаи филм дар бораи Эмомалӣ Раҳмон

“Рушди Хатлон” дар “Сари Хосор” дар баробари бунёди меҳмонхона инчунин минтақаи истироҳатиро сохта ба истифода медиҳад.

Ҳукумат таҷҳизоту маҳсулоти сохтмониеро, ки барои бунёди минтақаи истироҳатию меҳмонхона дар “Сари Хосор” ворид мешаванд, аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намудааст.

“Рушди Хатлон” аз бузургтарин корпоратсияҳо дар ҷануби Тоҷикистон ба шумор меравад, ки корхонаҳои зиёди бахшҳои гуногун – аз хоҷагии қишлоқ то сохтмонро дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0