Раис дар кор: шаҳрдорӣ шеваи таҷлили зодрӯзи Рустами Эмомалиро гуфт

© Фото : WikipediaЭмомали Рахмон и его семья, архивное фото
Эмомали Рахмон и его семья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе 19 декабар 31-умин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Sputnik  гуфт, Рустами Эмомалӣ дар зодрӯзаш дар ҷои кор қарор дорад.

Тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ 30 сола шуд

“Рӯзи муқаррарии корӣ аст. Ягон хел чорабинӣ дар назар нест. Раис дар коргоҳ, охири сол корҳо хеле зиёданд”, - изҳор дошт Усмонзода.

Ба гуфтаи Усмонзода, шаҳрдори Душанбе низ чун шаҳрвандони дигари Тоҷикистон мавлудашро дар доираи қонуни танзим дар доираи оила таҷлил мекунад.

Рустам Эмомалӣ писари бузурги раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки 19 декабри соли 1987 ба дунё омадааст.

Ӯ дар гузашта роҳбарии Хадамоти гумрук ва Ожонси зидди фасодро ба уҳда дошта, аз аввали соли 2017 то ҳол мақоми роҳбари Душанберо ба уҳда дорад.

Лентаи хабарҳо
0