Аз касб то вирусҳо: ҳимояи Ҳукумат аз иловаҳои нав ба масъулияти волидон

Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон аз иловаҳои нав ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Хулосаи Ҳукумат дар ин бора бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во время заседания Совета коллективной безопасности ОДКБ в Астане - Sputnik Тоҷикистон
Бонку бензину “Барқи тоҷик”: Ҳукумат аз 1 январ нақшаи нави зиддибуҳрониро пеш мегирад

Дар пайи дарёфти хулосаи Ҳукумат, 17 декабр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баррасӣ гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумон, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон дар масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, ҳадафи тағйиру иловаҳои қонунӣ ба масъулияти волидонро шарҳ дод.

“Тағйиру иловаҳо бо мақсади пешгирии ҷилавгирии бемориҳои сироятӣ байни кӯдакону ҷавонон, азбаркунии асосҳои гигиенаи шахсӣ ва фарҳангӣ санитарӣ таҳия ва пешниҳод гардидаанд”, - изҳор доштааст Қурбонзода.

Бар асоси лоиҳаи тағйиру иловаҳои нав, ки аз ҷониби вакил Мансурӣ Дилрабо ва аъзои Маҷлиси милллӣ пешниҳод гардидаанд, волидон қонунан масъул хоҳанд буд, ки барои интихоби касби фарзанд мусоидат кунанд, дар бораи бемориҳои сироятӣ, одоби муоширату рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, қоидаҳои гигиенӣ ва зарари машрубот  фаҳмонанд. Инчунин ба татбиқи қонуни мазкур мақомоти худидораи шаҳраку маҳаллаҳо ҷалб карда мешаванд.

 

Лентаи хабарҳо
0