ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Қарзи умумии корхонаҳои бузург ва миёнаи Тоҷикистон наздик ба миқдори 21 млрд. сомонӣ (2,2 млрд. доллар) зиёд шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Бино бар иттилои манбаъ, ба санаи 1 октябри соли 2018 қарзи умумии корхона ва ташкилотҳо (бидуни назардошти тиҷорати хурд) ба 63,4 млрд. сомонӣ (6,7 млрд. доллар) баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,7 млрд. сомонӣ зиёдтар аст.
Тибқи омори Ожонсии омори Тоҷикистон, наздики 1 млрд. сомонро қарзҳои батаъхирафтода ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии уҳдадориҳои қарзӣ назди ин корхонаҳо (қарзи дебиторӣ) ҳамагӣ каме бештар аз 20,1 млрд. сомонӣ ва вазни хоси корхонаҳои зиёновар дар шумори умумӣ ҳудуди 28%-ро ташкил додааст.
Корхонаҳои зиёновар аз ҳама бештар дар соҳаҳои саноати коркард (27,6% аз шумори умумӣ), сохтмон (14,7%), нақлиёт, хоҷагии анбор ва алоқа (7,5%) ба қайд гирифта шудааст.
Қариб чоряки ҳисса аз қарзи умумии корхонаҳо ба ширкати “Барқи тоҷик” рост меояд, ки дар маҷмӯъ (бо назардошти воситаҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ) зиёда аз 15 млрд. сомонӣ қарздор мебошад.