Ваъдаи Лукашенко барои ҳалли мушкили хонаи собиқадори ҶБВ дар Тоҷикистон - видео

© SputnikВетеран Великой Отечественной войны, Леокадия Ковтун, Душанбе
Ветеран Великой Отечественной войны, Леокадия Ковтун, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия ваъда додааст, ки барои ҳалли мушкили манзили зисти собиқадори белорустабори ҶБВ, Леокадия Ковтун, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, мусоидат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Виталий Рагулин, набераи Леокадия Ковтун, охири ҳафтаи гузашта дар мулоқоти Лукашенко бо рӯзноманигорони Русия мушкили манзили зисти модаркалонашро дар Тоҷикистон ба миён гузоштааст.

Президент Республики Таджикистан, Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муайян шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҶБВ чанд пул ҷудо кард

“Ба ман муяссар шуд, ки ба Лукашенко суол дар бораи модаркалонам Ковтун Леокадия Дмитриевнаро диҳам. Ӯ соли 1926 дар Белорус таваллуд шуда, аз синни 14-солагӣ дар қаламрави Белорус ба ҳайси партизан дар ҶБВ иштирок кардааст. Феълан дар Тоҷикистон дар хонаи хешу табор зиндагӣ мекунад ва манзили зисти шахсӣ надорад”, - изҳор доштааст Рагулин ба пойгоҳи хабарии “Белорусь сегодня”.

Ба иттилои манбаъ Лукашенко ваъда додааст, ки масъали мазкурро зери назорат мегирад ва барои ҳалли мушкили собиқадори ҷанг талош хоҳад кард.

Рагулин изҳор доштааст, ки бо ин масъала ба Лукашенко муроҷиат кардан шояд чандон дуруст набошад, аммо ваъдаи раисиҷумҳури Белорус ӯ ва Леокадия Дмитриевнаро умедвор кардааст.  Ба гуфтаи набера, модаркалонаш намехоҳад Тоҷикистонро тарк кунад, чун он ҷоро ватани худ интихоб кардаасту наздиконашро низ дар ин хок дафн намудааст.

Леокадия Ковтуни 92-сола ҷавонтарин собиқадори ҶБВ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ баъди хатми муассисаи касбӣ, охири солҳои 40-ум ба Тоҷикистон равона шудааст ва даҳсолаҳо дар идораи “Тоҷикгеология” фаъолият кардааст.  

Ковтун қаблан ба расонаҳо гуфта буд, ки ягон бор ҳамчун собиқадори ҷанг аз давлат чизе нахостааст, танҳо баъди он, ки бе хона монд, хост аз ҳуқуқаш ба манзили зист истифода барад, аммо натиҷа надодааст.

Ӯ мегӯяд, баъди даргузашти шавҳар ва духтараш бо набераю абераҳояш танҳо монд ва хост, хонаи тангашро, ки солҳои шӯравӣ бо шавҳар бо меҳнати худ ба даст оварданд, иваз кунад. Хонаро фурӯхта ба як ширкати сохтмонӣ додааст, то аз биноҳои навбунёд манзили васеътар гирад, аммо ширкат муфлис гардиду ӯ саргардон шуд, изҳор дошта буд Ковтун.

Мақомоти Тоҷикистон феълан ин қазияро шарҳ надодаанд ва дар сурати дастрас шудани назари мақомот Sputnik онро дар ин саҳифа нашр хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0